Мушкилӣ бо сиёҳпӯстон ҳанӯз ҳам идома дорад

Мушкилӣ бо сиёҳпӯстон ҳанӯз ҳам идома дорад

Иттиҳодияи Ассотсиатсияҳои Футболи Аврупо ҳимоятгари бошгоҳи “Славия”-и Чехия Ондржей Куделаро аз ширкат дар бозии аввали даври ¼ финали Лигаи Аврупо бар муқобили “Арсенал” маҳрум кард. Футболбозро дар таҳқири ангезаи нажодпарастӣ муттаҳам мекунанд. Тафтиши ин парванда ҳанӯз идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар рақобати даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо байни дастаҳои «Славия» ва «Рейнҷерс» ба гуфтаи сармураббии бошгоҳи шотландӣ - Стивен Ҷеррард, футболбоз Кудела дар бораи Глен Камара изҳороти нажодпарастона кардааст.

Баъдтар, "Славия" дар бораи латукӯби Кудела изҳорот пахш кард ва талаб кард, ки бозигари “Рейнҷерс” ҷазо дода шавад. Бояд гуфт, ки бозии аввали даври ¼ ниҳоии Лигаи Аврупо байни дастаҳои “Славия” ва “Арсенал” 8 апрел дар Лондон баргузор мешавад.