Мушкилии бузург байни «Барселона» ва Ансу Фати

Мушкилии бузург байни «Барселона» ва Ансу Фати

Бошгоҳи “Барселона” бо ҳамлагари ҷавон ва умедбахш Ансу Фати дар бораи тамдиди шартнома гуфтушунид дорад, аммо онҳо бо агенти бозигар дар мавриди шартномаи амалкунандаи моҳи декабри соли 2019 ихтилоф доранд.

“Нилунориҳо” исрор мекунанд, ки шартномаи Фати то соли 2022 бо тамдиди мустақим то июни соли 2024 баста шудааст. Агенти футболбоз бошад, чунин мешуморад, ки мӯҳлати созишнома соли 2022 ба итмом мерасад ва наметавонад онро ба таври худкор нав кунад.

Тибқи моддаи 18-уми ФИФА дар бораи мақом ва интиқоли бозигарон сарчашма мегирад, ки тибқи он мӯҳлати ниҳоии қарордодҳо бо футболбозони касбӣ панҷ сол аст. Ҳамзамон, мӯҳлати шартномаҳо бо бозигарони то 18-сола аз се сол зиёд буда наметавонад. Вақте ки Фати бо “Барселона” имзо гузошт, он гоҳ 17 сола буд.

"Барселона" даъво дорад, ки мутобиқи он бо футболбозони то 18-сола "шумо метавонед бо шартҳои дигар шартнома бандед, агар қонунгузории кишвар пешбинӣ карда бошад." Бошгоҳ чунин мешуморад, ки қонунҳои Испания ба ин иҷозат медиҳанд.

Дар мавсими ҷорӣ Фати дар тамоми мусобиқаҳо барои каталонҳо 10 бозӣ гузаронида, 5 гол задааст.