Мушкиолти ҷиддии «Реал» пеш аз бозӣ бо «Барселона»

Мушкиолти ҷиддии «Реал» пеш аз бозӣ бо «Барселона»

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии ESPN вингери уэлсии бошгоҳи “Реал” - Гарет Бэйл шояд дар бозӣ бар муқобили “Барселона” иштирок накунад. Ба маълумоти сарчашма футболбоз рӯзҳои охир нисбати саломатиаш ба табибони даста шикоят намудааст. Бэйл дар бозиҳо бо «Эспанйол» (7 декабр) ва «Брюгге» (11 декабр) бозӣ намекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки хавбек Эден Азар ва ҳимоятгар Марсело низ бар асари осеб доштанашон дар Эл-Класико бозӣ намекунанд. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои “Барселона” ва “Реал” санаи 18-уми декабр баргузор мешавад.