Муштзанҳои тоҷик бо 16 медали Чемпионати Осиё ба Душанбе баргаштанд

Муштзанҳои тоҷик бо 16 медали Чемпионати Осиё  ба Душанбе баргаштанд

Субҳи имрӯз, пас аз дарёфти 16 медал дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка миёни ҷавонони то 22-сола, муштзанҳои тоҷик бо истиқболи гарму самимӣ ба Ватан баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муштзанҳои ҷавонро намояндаҳои ниҳодҳои варзишии кишвар, мухлисони бешумор ва хешовандону дӯстон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 18 то 22 сола рӯзҳои 12-ум то 24-уми май миёни 232 нафар муштзан аз 23 кишвар доир шуд. Муштзанҳои тоҷик ба гирифтани 16 медал ноил шуданд. Аз ин шумора 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ мебошад.

Медалҳои тиллоро Алишерихудо Холов (71 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг) миёни муштзанҳои 18 сола ва Анӯшервон Фозилов (54 кг) миёни муштзанҳои 22 сола соҳиб шуданд.

Медалҳои нуқраро миёни муштзанҳои 18 сола Билоҷон Иксанов (54 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг) ва миёни муштзанҳои 22 сола Ҳангома Исоева (60 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Дамир Мӯйбалихонов (60 кг) ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷиро миёни муштзанҳои то 18 сола Фариноз Абдуллоева (54 кг), Мино Аъзамзода (60 кг), Муҳаррмахон Тошхӯҷаева (70 кг) ва миёни муштзанҳои 22 сола Фариза Ёқубова (52 кг), Дилноза Нуримова (63 кг), Мӯинхуҷа Муминов (48 кг), Руслан Ғафуров (63, 5 кг), Муродҷон Ашӯралиев (71 кг) соҳиб шуданд.

Зоир Ҳоҷибеков (60 кг) Рустам Мамадпаноев (86 кг) миёни мунтзанҳои то 18 сола ва Довуд Маҳкамов (67 кг) миёни муштзанҳои 22 сола мусобиқаро бемедал ҷамъбаст намуданд.

Ин натиҷаи арзишманди муштзанҳои мо боз як нишонаи пешравии бокси тоҷик ва самараи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон мебошад.

Дар мусобиқа муштзанҳои ҷавонро мураббиҳо Муҳаммадҷон Сулаймонов, Асомиддин Бурҳонов, Рустам Музаффаров ва Муҳаммадҷон Тошахунов роҳнамоӣ карданд. Акмалҷон Аблуллоев ба ҳайси довар дар мусобиқа фаъолият намуд. Муштзани мо Абубакр Ғафуров беҳтарин муштзани Осиё миёни ҷавонон эътироф гардид.