Муштзанҳои тоҷик ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Дубай сафар карданд

Муштзанҳои тоҷик ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Дубай сафар карданд

Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба шаҳри Дубайи АМА раҳсипор гардид. Тоҷикистонро дар мусобиқа Меҳрон Шафиев (48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг) , Анӯшервон Фозилов (54 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Шамшер Саидов (67 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаҳобҷон Шукуров (75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (86 кг), Наврӯз Ҷафоев (92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) муаррифӣ мекунанд.

Дар мусобиқа ҳайати бокси Тоҷикистонро мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Парвиз Аҳмадов, Хуршед Ҷӯраев ва довар Акмалҷон Абдуллоев роҳнамоӣ мекунанд.

XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад.

Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё ҳунарнамоӣ мекунанд. Муштзанҳо барои медалҳо дар 13 категорияи вазнӣ, ки аз ҷониби Шӯрои директорони IBA (собиқ AIBA) дар моҳи июли соли 2021 тасдиқ шудаанд, рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон ҷамъ меоянд, то барои унвони қаҳрамони ҷаҳон ва имкони тақсими фонди бузурги мукофотпулӣ ба маблағи 8,32 миллион доллар мубориза баранд.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа соати 22:00 ба вақти Душанбе рӯзи 2-юми декабр ба нақша гирифта шудааст. Қуръакашии мусобиқа 2-юми декабр соати 17:00 баргузор мешавад. Рақобатҳо марҳилаи муқаддамотӣ, чаҳорякниҳоӣ ва нимниҳоӣ аз 3-юм то 11-уми декабр дар ду сессия баргузор мешаванд. Сессияи рӯзона соати 18:00 ва сессияи шом соати 22:30 оғоз мегардад. Рақобатҳои финалӣ 13-уми декабр, соати 18:30 баргузор мешаванд.

Қаҳрамонон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар мегиранд, ҷоизадорони ҷойи дуюм — 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, барои ҷойи 5-ум бошад — 10 ҳазор доллар. Аз ин маблағ 50% ба муштзанҳо, 25% ба мураббӣ ва 25% ба Федератсияи бокси кишвари ғолибон дода мешавад.

Ин бузургтарин чемпионат дар таърихи бокс хоҳад шуд.