Муштзанони тоҷик Чемпионати ҷаҳонро бе медал ба анҷом расониданд

Дар шаҳри Будваи Черногория Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни ҷавонон ҷараён дорад, ки дар мусобиқаи мазкур 9 муштзан аз Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар рӯзи ҳаштуми мусобиқа Тоҷикистонро Баҳромбек Ҳотамов, Дамир Муйбалихонов ва Меҳроҷ Суфиҷонов дар даври чаҳорякниҳоӣ муаррифӣ карда, ноком гардиданд. Як қадами дигар барои ба дастовардани медал барои муштзанони мо боқӣ монда буд, лек бахти мо омад накард.
Дамир Муйбалихонов зери вазни 60 кг дар ин марҳила аз Платон Козлови рус бо ҳисоби 0 бар 5 мағлуб шуд. Меҳроҷ Суфиҷонов зери вазни 51 кг дар ин давр аз Зидан Ҳумбатови озарӣ бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд. Баҳромбек Ҳотамов зери вазни 71 кг дар ин марҳила аз дасти Муҳаммадазизбек Исмоилови ӯзбек бо ҳисоби 0 бар 5 ноком гардид.
Бо ҳамин натиҷа барои муштзанони мо Чемпионати ҷаҳони бокс миёни ҷавонон анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки кишвари моро дар мусобиқаи мазкур Муинхуҷа Муминов (48 кг) , Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг) , Анӯшервон Фозилов (54 кг) , Шодмеҳр Давлатов (57 кг) , Дамир Мубайлихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (71 кг) ва Зиёратшо Қосимов (75 кг) муаррифӣ карданд.
Дар ин мусобиқа мураббиҳо Луйс Владимир, Эмомалӣ Малаев, Файзуллоҳ Алиев ва Носир Азимов муштзанҳои ҷавони моро ҳамраҳӣ карданд. Акмалҷон Амирзода ба ҳайси довар дар ин мусобиқа ширкат варзид.
Бояд гуфт, ки Чемпионати ҷаҳони бокс миёни ҷавонон аз 23-юми октябр то 3-юми ноябр баргузор мегардад. Дар мусобиқаи имсола дар Черногория дар маҷмӯъ 660 муштзан аз 88 кишвар ширкат доранд, ки назар ба мусобиқаи соли 2022, ки 598 мушзан аз 73 кишвар ширкат дошт, бештар аст.