Муштзанони тоҷик Шоира ва Руҳафзо ба даври дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс роҳ ёфтанд
Ду муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова (-63 кг) ва Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг) ба даври дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс роҳ ёфтанд.
Муштзанбонуи тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар рӯзи 4-уми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муштзани боливӣ Айда Санталларо бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст дод.
Дирӯз бошад, муштзани дигари кишвар Шоира Зулқайнарова дар рӯзи 3-юми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муштзани қувайтӣ Алмутари Ноураро бо натиҷаи 5 бар 0 мувоҷеҳи шикаст карда буд.
Ёдовар мешавем , ки дар рӯзи якуми мусобиқа муштзани кишвари мо Сумая Қосимова зери вазни то 48 кг аз муштзани булғорӣ Севда Асенова дар марҳилаи 1/32 ниҳоӣ шикаст хурда буд Ҳамчунин муштзани дигари кишвари мо Миҷгона Самадова дар рӯзи дуюми нерӯсанҷӣ зери вазни то 57 кг аз муштзани Лин Ю –Тин мағлуб гардид.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар - Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ карда истодаанд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ карда истодааст.
Мусобиқа аз 6-ум то 21 –уми май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.