Мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Ховалинг

Мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии   футбол дар ноҳияи Ховалинг

Бояд қайд кард, ки мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25-уми май Рӯзи байналмилалии футбол эълон гардидааст, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ идома дошта, дар ҳошияи ин ҷашнвора дар ноҳияи мазкур мусобиқаи пойгаҳи аспдавонӣ ва мусобиқаи тарзи озод (волный) оғоз гардид.

Сараввал дар деҳоти Навроҳои ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Набизода Фаррух, намояндагони ВКД, васоити ахбори омма ва шумораи зиёди ҳаводорони ин намуди варзиш оғоз гардида, дар он зиёда аз 50 нафар шаҳрвандон, ки ба ин намуди варзиш шуғл доранд иштирок намуданд.

Мусобиқа дар се давр доир гардида, варзишгарон масофаи 5000 метрро бо як маҳорати баланди варзишӣ тай намуданд ва кӯшиш карданд аз ҳарифи худ пештар ба марра расаида, ҷойҳои ифтихориро сазовор шаванд.

Дар қисмати ниҳоии мусобиқа муайян гардид, ки дар даври якум ҷойи аввал ба Ҳасанов Шаҳобиддин, истиқоматкунандаи деҳоти Утонқалъаи ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақаби «Номус» насиб гардид, ҷойи дувум насиби истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақабаш «Парвоз» ва ҷойи сеюм ба Саидов Ҷумахон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Кранги сарбаланд» сазовор гардид.

Дар даври дуюми мусобиқа бошад, Олимзода Суҳроб истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳутии ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Кобра» ҷойи аввалро ишғол намуд.

Ҷойи дуюм насиби Раҷабов Умедҷон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Пикас» гардид ва ҷойи сеюм ба Шарипов Тоирхон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Дилдил» насиб гардид.

Дар даври сеюми мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ҷойи аввалро Рустамов Саидҷон, истиқоматкунандаи деҳоти Садбаргҷои ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Ҷеран», ҷойи дуюмро бошад Зулфиқори Шер, истиқоматкунандаи деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақабаш «Богатий» ва ҷойи сеюмро бошад Эмомалии Рамазон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақабаш «Месси» ишғол намуданд.

Дар интиҳои мусобиқаи баргузоргардида раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррух иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи байналмилалии Футбол ва моҳвораи Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод гуфта, ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотирмону арзишнок тақдим намуд.