Мусобиқаҳои варзишии соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд

Мусобиқаҳои варзишии соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд

Мусобиқаҳои варзишӣ байни дастаҳои сохторҳои соҳаи алоқа, ки аз 21 апрел оғоз гардида буданд, шомгоҳи санаи 05-уми май бо баргузории марҳилаи ниҳоии рақобатҳо аз рӯйи футболи хурд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» барои ҷойи аввал рақобат намуда, дар натиҷа пирӯзӣ насиби дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқа гардид. Дар дидори барои ҷойи сеюм бошад, дастаҳои Шабакаи телефонии шаҳри Душанбе ва Хадамоти давлатии фелдегерӣ бо ҳам сабқат карда, Хадамоти давлатии фелдегерӣ мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Дар маҷмӯъ, дар мусобиқаҳо 8 даста аз сохторҳои гуногуни соҳаи алоқа иштирок намуда, маҳорати варзишии худро дар фазои рақобати солим нишон доданд.

Маросими ҷамъбасти мусобиқаҳо бо иштироки Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло баргузор гардида, номбурда зимни суханронии худ аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар таҳкими ҳамкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани рӯҳияи дастаҷамъӣ таъкид намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти алоқа ҷом, диплом ва медалҳо тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа (7 май) ва ҳамзамон Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) роҳандозӣ гардида, дар доираи он намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футболи хурд миёни мардон, волейбол миёни занон, тениси рӯи миз, инчунин бозиҳои зеҳнии шашка ва шоҳмот баргузор шуданд.