Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ доир мешавад

Мусобиқаи ҳафтуми  байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ доир мешавад

Рӯзи 5-уми апрели соли 2026 , бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар ҳафтумин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», паҳлавонон аз руйи вазнҳои то 65кг, 78кг, 86 кг ва +86кг байни мардон ва бонувон бошад, дар вазни то 70 кг, бо ҳам рақобат менамоянд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавонони маъруфи зиёда аз 25 давлати ҷаҳон , барои мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат менамоянд.

Ёдовар мешавам, ки ҷоизаи умумии мусобиқа, 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм бошанд, сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки 27-уми апрели соли 2025 дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе - Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ  баргузор шуда буд.