Мусобиқаи "Asian Grand Prix 2026" дар Душанбе оғоз шуд

Мусобиқаи "Asian Grand Prix 2026" дар Душанбе оғоз шуд

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе яке аз бузургтарин рӯйдодҳои ҷаҳони бозиҳои зеҳнӣ, мусобиқаи байналмилалии нард - «Asian Grand Prix 2026» оғоз гардид. Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нард (IBF) баргузор шуда, бори аввал дар Душанбе мегузарад. Ин сеюмин марҳилаи Гран-прии IBF дар соли ҷорӣ пас аз мусобиқаҳои Тошканд ва Тифлис мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Президенти Федератсияи нардии Тоҷикистон Абубакр Мирзоалиев, Раиси Кумитаи тадорукотии Федератсияи байналмилалии нард Татяна Комарова, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барномаи фарҳангӣ бо рақси суннатии тоҷикӣ аз ҷониби гурӯҳи «Мунира» баргузор шуд. Намояндагони ҳамаи 30 кишвари иштирокчӣ муаррифӣ гардида, пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон мусобиқа расман ифтитоҳшуда эълон шуд.

Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷавонтарин иштирокчӣ 22-сола Калин Стефанов аз Булғористон ва калонтарин иштирокчӣ Ҷон Роквелл аз ИМА мебошад, ки 88 сол дорад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Варзишгарон барои медалҳо дар 12 намуд рақобат мекунанд.

Мусобиқа дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» баргузор шуда, барои баргузории бозиҳо 140 мизи рақобатӣ омода гардидааст. Дар мусобиқа 22 довари касбӣ аз Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон бо оғози мусобиқаи Душанбе барномаи расмии мобилии IBF низ ба кор даромад. Тавассути он дӯстдорони нард метавонанд онлайн бозӣ кунанд, аз чорабиниҳои федератсия хабар гиранд, ба мусобиқаҳо сабтином шаванд ва рейтинги бозигаронро пайгирӣ намоянд.

Федератсияи байналмилалии нардӣ инчунин нахустин шумораи маҷаллаи байналмилалии International Backgammon Magazine-ро муаррифӣ кард. Дар он мусоҳиба бо президенти IBF Умар Кремлёв, гузоришҳо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ, таърихи қаҳрамонон ва маводи марбут ба рушди нардӣ ҷой дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи «Asian Grand Prix 2026» аз 5 то 11 октябр дар «Кохи Наврӯз»-и Душанбе баргузор мешавад.