Мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Мусобиқаи футбол бахшида ба  Рӯзи варзишгарон

Мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам, Рустами Эмомалӣ ва нақша- чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешгири намудани ҷавонон аз сигоркашӣ, аъзо шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ҳар гуна корҳои ношоям ва рушди варзиш дар пойтахти азизамон, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар “Душанбе Арена” Чемпионати кушод оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон, ки санаи 8 июли соли ҷорӣ ифтитоҳ гардида буд, ба нуқтаи ниҳоӣ расид.

Дар арафаи Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон чемпионати мазкур ҷамъбаст гардида, дар маросими ҷамъбастии Чемпионат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Раҳимзода Шоҳзод ва дигар масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ширкат варзиданд. Дар Чемпионати мазкур 24 даста миёни сину соли аз 15 то 18 сола давоми як моҳ миёни худ рақобат намуданд. Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионат бо ҷом, диплом, медал ва ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.