Мусобиқаи футзали хотираи Александр Кирсанов ҷамъбаст гардид
Мусобиқаи анъанавии зимистона оид ба футзал барои дарёфти Ҷоми Александр Кирсанов дар Душанбе ҷамъбаст гардид. Кирсанов собиқ бозигари машҳури дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» буда, ҳамасола мусобиқаи хотиравиаш доир мешавад.
Дар мусобиқаи собиқадорон дастаи «Вавилон» ғолиб омад. «Ёсин Сохтмон» медалҳои нуқра ва тими «Фирдавс» нишонҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Байни дастаҳои ҳаваскор «Бонки миллӣ» ҷои аввал, «Рахш-Такси» зинаи дуюм ва «Ориёнбонк» мақоми сеюмро ишғол карданд.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов, директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, директори Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ оид ба футболи Душанбе Субҳон Хоҷамов ширкат варзиданд.