Мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ доир гардид.  Дар мусобиқаи мазкур  варзишгарони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ, раёсатҳои гумрук, андоз, агентии маводи нашъаовар, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, комендатураи ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода ва гражданӣ, гумрук, Гвардияи миллӣ ва РАНДММКҶТ-и вилоят фаъолона иштирок ва бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссариати ҳарбии вилоят баргузор гардид.

Ногуфта намонад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ дар вазнҳои аз 60 то +100 кг  иштирок карданд, аз ҷумла, дар вазнҳои:

— 60кг- Фаридҷони Мамадрузӣ аз РВКД, Марод Ниёзмамадов аз  РҲФМГ,  Муродали Юлдошов аз Гвардия, Саидислом Одинаев аз РҚС КДАМ ҶТ,

-65 кг- Амин Мирмамадов  аз ҚҲ, Фаридуни Назаралӣ аз Гвардия, Алишер Қурбонзода аз  РАНМН, Сорбон Абдуҳофизов аз андоз

— 70 кг- Худодод Сербаргаев аз  РҲФМГ,  Паншер Одинаев аз ҚҲ, Мансур Абдулазизӣ аз Гвардия, Абдуғафори Ҷумъазод аз  РВКД

-75кг- Салмон  Раҳмихудоев  аз гумрук,  Насим Ҳакимов аз РКДАМ Ширинбек Нурмамадов аз РҲФМГ, Сорбон  Раҳимов аз РКДАМ

— 80кг- Асад Собиров аз ХДО, Шуҳрат Заренов аз Андоз, Набӣ Мируллоев аз РВКД,  Файзалӣ Имомиддинов аз РКДАМ

— 86кг- Тутиё Карамхудоев аз ХДО, Ниёз Асматбеков аз РВКД Шакармамад Паноев аз РАНМН, Абдулло Исмонов аз ҚҲ

-90кг Малик Шошоев аз РВКД, Акбар Ёрматов аз РКДАМ, Акбар Зарипов аз РАНМН, Раҳматулло Хайруллозода аз ГВАРДИЯ

-100кг- Шоҳруз Сулаймоншоев аз РАНДМКҶТ Манучеҳр Шоҳмуродзода аз РКДАМ, Нурӣ Қаландарбеков аз РАНМН Саидҷафари Ғайратшо аз  РКДАМ

+100кг- Иматшо Гулдасташоев аз РҲФМГ, Руслан Зарифбеков аз РВКД Зафар Тобшоев аз РҚС КДАМ ҶТ, Нурулло Раҷабов аз РКДАМ

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медалу Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъhttps://khovar.tj/