Мусобиқаи шоҳмот бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчам

Мусобиқаи шоҳмот бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчам

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мастаҳкам намудани дустиву ваҳдат байни наврасону ҷавонон, муайян намудани узви мунтахаби ноҳия ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 18 ноябри соли равон дар китобхонаи Маркази ҷавонони ноҳияи Рушон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди шоҳмот байни наврасону ҷавонони то синни 18 сола ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 23 варзишгар аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд.

Ғолибони мусобиқаи номбурда ба тариқи зайл муайян гардиданд:

Байни писарбачаҳо:

Шакаров мирдавлат - ҷойи аввал

Нурмамадов Темур   - ҷойи дуввум

Давлатшоев Шерзод - ҷойи саввум

 

Байни наврасдухтарон:

Ҷонмамадова Мижгона   - ҷойи аввал

Каримова Товус - ҷойи дуввум

Рудобаи Сипар - ҷойи саввум

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди шоҳмот бо ифтихорномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон қадр гардиданд.