Мусобиқаи шоҳмот ва шашка дар ҷамоати деҳоти шаҳраки Ёвон

Мусобиқаи  шоҳмот ва шашка дар ҷамоати деҳоти шаҳраки Ёвон

Дирӯз, бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар толори МТМУ 2 - и ноҳия мусобиқаи Ҷамоати деҳоти шаҳраки Ёвон оид ба шашка ва шоҳмот байни деҳаҳо ташкил ва баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин пеш аз ҳама, таҳкими тарзи хаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, дарёфт ва интихоб намудани варзишгарони болаёқат ва бо ин васила, дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад.