Мусобиқаи "Tcell Футбол ба назди Шумо меояд" хотима ёфт

Мусобиқаи "Tcell Футбол ба назди Шумо меояд" хотима ёфт

Дируз, 2-юми май дар варзишгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд лоиҳаи "Tcell Футбол ба назди Шумо меояд" ҷамъбаст гардид. Чорабинии мазкур моҳи феврал оғоз гардида, давоми ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бозиҳо бо иштироки 7500 нафар гузаронида шуданд. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Лигаи футболи кудакону наврасони Тоҷикистон соли чаҳорум аст, ки дар миқёси вилоят доир мегардад. Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони Федератсияи футболи вилояти Суғд ва ширкати Tcell иштирок намуданд. Ба голибон Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ғолибон дар гуруҳҳои синну соли муайян бо чунин шакл шинохта шуданд:

6-7 солаҳо

1.Ашт

2. Б.Ғафуров

3. Ҷ.Расулов ва Суғд

9 солаҳо

1.Ашт,

2. Ҷ.Расулов

3. Б.Ғафуров ва Исфара

11 солаҳо

1. Суғд

2. Ашт

3.Зафаробод ва Исфара