Мусобиқаи тенниси рӯи миз байни бонувон

Мусобиқаи тенниси рӯи миз байни бонувон

Санаи 4-уми марти соли 2021, дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили иди «Рӯзи Модар» мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди тенниси рӯи миз байни корманд-занони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа бонувони варзишгари сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар ду гурӯҳи синну сол: то 35-сола ва аз 35-сола боло маҳорати теннисбозии худро санҷиданд.

Мусобиқа бо тартиби системаи қоидаҳои байналмилалии Федератсияи байналмилалии «ITTF» гузаронида шуда, шумораи варзишгарони хоҳишманд хеле зиёд буданд. Даври ниҳоии бозиҳо хеле шавқовару ҷолиб гузашт. Дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибони мусобиқа низ дар охир муайян гардиданд. Дар анҷоми мусобиқа ба дастаҳо ва варзишгарони ғолиб Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.