Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид варзиши сабук байни ҷавонон

Мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид варзиши сабук байни ҷавонон

Бо мақсати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим , ҷалб намудани ҷавонон ба намуди варзиши сабук, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайан намудани узви дастаи мутахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук байни ҷавонон солҳои таваллуди 2001-2002 доир менамояд.

Мусобиқаи маскур аз санаи 31 март то 1 прели соли 2020 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи дуюм интихобии мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанде ғолиб гардидаанд, ба роҳ монда мешавад.

Дастаҳои иштирокчӣ:

Ҳайати даста аз 18 нафар варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 довар, ҷамъи умуми 20 нафар

Дастаҳои иштирокчӣ:

-Душанбе-1

-Душанбе-2

-ВМКБ-1

-Вилояти Хатлон-1

-Вилояти Хатлон-2

- Вилояти Суғд-1

- Вилояти Суғд-2

-ШНТҶ

-Рашт