Мусоии КМВА ва “Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми ФФТ-2025

Мусоии КМВА ва “Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми ФФТ-2025

Дар доираи бозиҳои даври охири марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ -2025 дар минтақаи Душанбе дастаҳои КМВА ва “Регар-ТадАЗ” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати тими шаҳри Душанбе Вайсиддин Сафаров дар дақиқаи 20-ум ва Комрон Иброҳимов дар дақиқаи 38-ум ба самар расониданд. Аз ҳайати тими шаҳри Турсунзода Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 10-ум Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 90+4-ум марбути номи хеш карданд.

Ба ин тартиб "металлургчиён" аз 5 бозӣ 13 имтиёз ба даст оварда, бо сабаби таносуби тӯбҳо зинаи дуюмро ишғол карданд. КМВА бо 13 имтиёз дар зинаи аввали гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки дастаҳои КМВА ва “Регар-ТадАЗ” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳ ёфта, онҷо пас аз қуръакашӣ рақибони хешро мешиносанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.

Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд. Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутои даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.

Соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

ТВ "Варзиш"