Мусовии 43-юми "Атлетико" ва "Реал" дар Ла Лига
Бозии марказии даври 8-уми Ла Лига миёни ду дастаи шаҳри Мадрид – “Атлетико” ва “Реал” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Метрополитано”-и шаҳри Мадрид сурат гирифта, бо ҳисоби 1 бар 1 дуранг хотима ёфт.
Аз ҳайати “Реал Мадрид” дар дақиқаи 64-ум Эдер Милитао ҳисобро боз кард. Паси голиро Винисиус Ҷуниор марбути номи хеш кард. Анхел Корреа аз ҳайати “Атлетико Мадрид” дар дар дақиқаи 90+5 гол зад ва ҳисобро баробар намуд. Маркос Лйоренте дар дақиқаи 90+9 аз ҳайати мизбонон корти сурх гирифт ва бозибадар шуд.
Ин вохӯрии 175-уми “Атлетико” ва “Реал” дар Ла Лига буд. Дар ин бозиҳо 41 ғалаба ба фоидаи “Атлетико” ва 91 ғалаба ба фоидаи “Реал” аст. 43 бозии дастаҳо бо натиҷа мусовӣ анҷом ёфтааст.
Ҳоло дар ҷадвали Ла Лига пас аз 8 даври бозиҳо “Барселон” бо 21 имтиёз пешгом аст. “Реал” бо 18 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Атлетико” бо 16 имтиёз дар зинаи сеюм аст.