Мусовии қаҳрамони ҷаҳон бо Португалия

Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳони футбол миёни бонувон ҷараён дорад. Дар бозии даври охири гурӯҳи “Е” мунтахабҳои Португалия ва Амрико ба ҳам омаданд. Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Эден Парк”-и шаҳри Окленд баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид.
Ин мусовӣ ба суди мунтахаби Амрико буд. Онҳо пас аз ин мусовӣ бо касби 5 имтиёз ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Барои Португалия танҳо як имтиёз нарасид то ба даври ҳазфӣ роҳ ёбад.
Дар бозии дигари гурӯҳ Нидерланд бо ҳисоби бузурги 7 бар 0 муқобили Ветнам зафар ёфт. Бо ин ғалаба Нидерланд бо касби 7 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “Е” мавқеъ гирифт. Амрико бо 5 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Португалия бо 4 имтиёз дар зинаи 3-юм ва Ветнам бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал аст.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи мазкур Нидерланд ва Амрико ба даври плей-офф роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2023 миёни занон аз 20 июл то 20 август дар Зеландияи Нав ва Австралия баргузор мешавад. Амрико қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст. Амрикоиҳо дар чор чемпионати ҷаҳон ғолиб омадаанд.