Мусовии “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Аҳлӣ” ба фоидаи “Ал-Наср”

Мусовии “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Аҳлӣ” ба фоидаи “Ал-Наср”

Дар доираи бозиҳои даври 20-уми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Аҳлӣ” андари майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Kingdom Arena”-и шаҳри Риёз сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии бидуни гол 0:0 анҷом ёфт.

Аз дақиқаҳои аввал ҳарду даста кӯшиш мекарданд, ки ташаббусро ба даст гиранд. Дар ҷараёни бозӣ мубориза асосан дар маркази майдон сурат гирифт, аммо ҳамлаҳои ҳарду ҷониб ба хатти дифоъ ва дарвозабонҳо дучор мешуданд. Чандин лаҳзаи хатарнок эҷод гардид, вале зарбаҳои ҳалкунанда ба нишон нарасиданд.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ суръати бозӣ баландтар шуд. Дастаҳо бо ивазкуниҳо талош карданд ҷараёни бозиро тағйир диҳанд, аммо ҳимояи боэътимод ва бозии мутамаркази дарвозабонҳо имкон надод, ки ҳисоб кушода шавад. Дар дақиқаи 90+4-ум дифоъгари "Ал-Аҳлӣ" - Али Маҷрашӣ корти сурх гирифта, бозибадар шуд. 

Бо ин натиҷа, ҳарду даста як имтиёзӣ ба ҳисоби худ илова карданд. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Ал-Ҳилол” бо 47 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Ал-Аҳлӣ” бо 44 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтааст. “Ал-Наср”  бо 46 имтиёз дар зинаи дуюм маскан гирифтааст.