Мусовии Амрико ва Бразилия дар бозии рафиқона
Дар Орландо бозии рафиқона барпо гардид, ки дар он ИМА дар майдони худ бо Бразилия бо ҳисоби 1:1 дуранг кард.
Ба шарофати зарбаи дақиқи ҳамлагари «Реал Мадрид» Родриго дар дақиқаи 17-ум қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон ҳисобро аввалин шуда кушод. Мизбонон дар давоми 9 дақиқа пас аз голи зебои Кристиан Пулишич аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳарду даста дар Ҷоми Амрико, ки аз 20-уми июн то 14-уми июл баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ аз 20-уми июн то 2-юми июл, бозиҳои чаҳорякниҳоӣ аз 4 –ум то 6 –уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ аз 9 –ум то 10-уми июл ва бозӣ барои ҷои сеюм 13 –уми июл баргузор мешавад. Бозии ниҳоии Ҷоми Амрико рӯзи 14 –уми июл дар Майами баргузор мешавад. Бозиҳои Ҷоми Амрико-2024 дар 14 шаҳри ИМА баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Бразилия дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои Коста-Рика, Колумбия ва Парагвай рақобат мекунад. ИМА бо Боливия, Панама ва Уругвай бозӣ мекунад.