Мусовии “Арсенал” ва “Ливерпул” дар бозии марказии даври 9-уми ПЛА

Мусовии “Арсенал” ва “Ливерпул” дар бозии марказии даври 9-уми ПЛА

Бозии даври 9-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои “Арсенал” ва “Ливерпул” дар шаҳри Лондон вохӯрданд, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид.

Аз ҳайати “Арсенал” голҳоро Букайо Сака ва Микел Мерино ба самар расониданд. Голҳои “Ливерпул”-ро Вирҷил ван Дейк ва Муҳаммад Салоҳ марбути номи хеш карданд.

Ҳоло пас аз ин мусовӣ «Ливерпул» дар мақоми дуюми ҷадвали чемпионати Англия қарор дорад. Дастаи Арне Слот баъди 9 вохурӣ 22 имтиёз ба даст овардааст. «Арсенал»   бо 18 имтиёз дар ҷои сеюм аст. Пешсафи ҷадвали Премйер-Лигаи Англия «Манчестер Сити» бо 23 имтиёз мебошад.