Мусовии “Эвертон” ва “Манчестер Сити” ба фоидаи “Арсенал”
Дар доираи бозиҳои даври 35-уми Премйер-лигаи Англия дастаҳои “Эвертон” ва “Манчестер Сити” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Хилл Дикинсон”-и шаҳри Ливерпул баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 3 бар 3 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 43-юм вингери “Манчестер Сити” Жереми Доку боз кард. Дар нимаи дуюм Тимо Барри дар дақиқаи 68 ҳисобро баробар намуд. Пас аз панҷ дақиқа Ҷейк О'Брайен гол зада, “Эвертон”-ро ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 81-ум Барри дубл карда, бартарии соҳибони майдонро афзун намуд. Дар дақиқаи 83-юм Эрлинг Ҳоланд гол зада, ҳисобро 2 бар 3 намуд. Дар дақиқаи 90+7 Доку дубл карда, ҳисобро 3 бар 3 намуд.
Пас аз ин бозӣ “Эвертон” бо 48 имтиёз дар зинаи 10-ум қарор дорад. “Манчестер Сити” бошад, бо 71 имтиёз дар мақоми дуюм ҷойгир аст. “Арсенал” бо 76 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда “Эвертон” рӯзи 10 –уми май меҳмони “Кристал Пэлас” мешавад. “Манчестер Сити” бошад, рӯзи 9-уми май дар майдони худ “Брентфорд”-ро қабул мекунад.