Мусовии “Интер Майами” бо “Шарлотт” дар MLS

Мусовии “Интер Майами” бо “Шарлотт” дар MLS

Бозии мавсими муқаррарии MLS байни дастаҳои “Интер Майами” ва “Шарлотт”дар Форт-Лодердейл бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.

Голи аввалини бозиро тими Каролинаи Шимолӣ ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 45-ум ҳамлагари аргентинӣ Энтсо Копетти аз паси ҳамлагари колумбиягӣ Кервин Варгас истифода бурда, ҳисобро боз кард. Бозигарони шаҳри Майами дар дақиқаи 45+6 ҳисобро бо голи нимҳимоятгар Николас Стефанелли баробар карданд.

Дар қисми дуюми бозӣ Варгас голи дуюми “Шарлотт”-ро аз паси нимҳимоятгари лаҳистонӣ Комил Юзвиак дар дақиқаи 52-юм зад. Дар дақиқаи 84-ум ҳамлагари «Интер Майами» - Робби Робинсон ҳисобро 2:2 баробар кард.

Ҳамлагари аргентинии тими “Интер Майами” Лионел Месси дар ин бозӣ ширкат накард, зеро ӯ дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии худ ширкат дошт ва то ҳол ба бошгоҳ барнагаштааст.

Дастаи "Интер Майами" охирин бозии худро дар мавсими имсола анҷом дод. Бошгоҳ пас аз мусовӣ дар конфронси ғарбӣ дар ҷои 14-ум қарор гирифт. "Интер Майами" дар ҳоли ҳозир пас аз 33 бозӣ 34 имтиёз дорад. Дар бозии охирини мавсим, “Интер Майами” боз бо “Шарлотт” вомехӯранд, аммо ин дафъа бозӣ дар сафар доир мегардад. Дар назар аст, ки ин бозӣ рӯзи 22 –юми октябр соати 3:00 ба вақти Душанбе сурат мегирад.