Мусовии “Истиқлол” бо “Ал-Дуҳайл” дар ҳузури 17 500 нафар мухлис дар Душанбе

Мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё шуруъ шуд. Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳи дастаҳои “Истиқлол” –и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайли” –и Қатар андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар даври аввали гурӯҳи “Е” сурат гирифта, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд ва бо натиҷаи мусовӣ 0 бар 0 ба анҷом расид.
Мусовӣ бо дастаи таҷрибадори футболи Қатар, ки соли гузашта то ба даври ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рафта буд, натиҷаи назаррас аст. Агар дар қисми аввали бозӣ дастаи “Ал-Дуҳайл” дар майдон беҳтар буд, пас дар қисми дуюм бартари пурра ҷониби бозигарони дастаи “Истиқлол” буд. Чанд имкониятро футболбозони дастаи “Истиқлол” дар ихтиёр доштанд, лек аз он истифода бурда натавонистанд.
Шумораи зиёди мухлисон, ки 17 500 нафарро ташкил медоданд, албатта дар натиҷаи бозӣ саҳми хешро гузоштанд. Ҳаводорони футболи меҳан то лаҳзаҳои охир “Истиқлол”-ро дар майдон мухлисӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик системаи VAR дар бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» истифода бурда шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи “Ал-Наср” дар Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили тими “Персеполис” зафар ёфт ва ҳоло бо 3 имтиёз садрнишин аст. “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” дар ҳисоб 1 имтиёзӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда рӯзи дуюми октябр “Ал-Наср” бо “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” бо “Персеполис” андари майдони рақобат мегарданд.