Мусовии мунтахабҳои Тоҷикистон (U-17) ва Русия (U-17) дар шаҳри Душанбе

Мусовии мунтахабҳои Тоҷикистон (U-17)  ва Русия (U-17) дар шаҳри Душанбе
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Алифбек Беромов дар нахустин бозии дӯстона бо тими наврасони Русия, ки дар Душанбе баргузор шуд, мусовӣ намуд.

Вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Голҳои дастаи моро Ориёнмеҳри Нуриддин ва Муҳаммадҷони Тоҳирӣ заданд. Аз ҳайати меҳмонон Артём Пономарчук ва Артём Кузменко муаллифи гол шуданд.

20 ноябр тимҳои наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозии дуюми санҷиширо анҷом медиҳанд. Оғози вохӯрӣ соати 11:00 ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзҳои 18 ва 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои дӯстона миёни тимҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Русия низ баргузор мешаванд.

 Бозии дӯстона
 Тоҷикистон (U-17) – Русия (U-17) – 2:2
 Голҳо: Ориёнмеҳри Нуриддин, 24 (1:0). Артём Пономарчук, 55 (1:1). Артём Кузменко, 73 (1:2). Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, 85 (2:2).
17 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.