Мусовии мунтахаби ҷавонони то 20 солаи тоҷик бо бошгоҳи ЛКС-и Полша

Мусовии мунтахаби ҷавонони то 20 солаи тоҷик бо бошгоҳи ЛКС-и Полша

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Анталия бозии сеюми санҷиширо баргузор кард.

Дирӯз дастаи ҷавонони мо бо пешсафи дивизиони якуми Полша бошгоҳи ЛКС-и шахри Лодзи рақобати дӯстона гузаронд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Барои дастаи Олег Кубарев ин сеюмин бозии санҷишӣ дар Туркия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонаш аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Ӯзбекистон «Бухоро» (1:3) шикаст хӯрд.

Бозии санҷишӣ

Тоҷикистон (U-20) –ЛКС (Полша) – 1:1

Голҳо: Амадонӣ Камолов, 26 (1:0). Петр Янчукович, 47 (1:1).

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Азизбек Ҳаитов, Салоҳиддин Иргашев, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Сунатулло Азизов.