Мусовии навбатии “Манчестер Сити” дар Премйер-Лига
Бозии даври 21-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Брайтон” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Довари асосии бозӣ Томас Брамэлл буд.
Ҳисобро дар дақиқаи 41-ум ҳамлагари “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд кушод. Ӯ зарбаи пеналтиро ба гол табдил дод. Дар дақиқаи 60-ум вингери ҷопонии “Брайтон” Каору Митома ҳисобро баробар намуд.
Ин сеюмин бозии пайиҳам аст, ки “Манчестер Сити” ғалаба ба даст оварда, наметавонад. Шогирдони Гвардиола бо "Челси" мусовӣ 1 бар 1 ва бо “Сандерленд” бозии бидуни голро ба қайд гирифта буданд.
Ҳамин тавр, ҳоло пас аз 21 даври мусобиқа “Манчестер Сити” бо 43 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа аст. Фосилаи “шаҳриҳо” аз пешсафи мусобиқа “Арсенал”, ки як бозии захиравӣ дорад, панҷ имтиёзро ташкил медиҳад. “Брайтон" бо 29 имтиёз дар зинаи 11-уми ҷадвали Премйер-Лига ҷойгир аст.