Мусовии Непомняший бо Накамура дар Сабқати номзадҳо — 2022

Мусовии Непомняший бо Накамура дар Сабқати номзадҳо — 2022

Шоҳмотбози рус Ян Непомняший дар даври панҷуми Сабқати номзадҳо – 2022 оид ба  шоҳмот, ки дар Мадрид (Испания) идома дорад, бо Хикару Накамураи амрикоӣ мусовӣ намуд. Дар рафти даври бозӣ Непомняший, ки бо мӯҳраҳои сиёҳ бозӣ менамуд, кӯшиши ниҳоят тезкорона анҷом додани гаштҳоро дар пеш гузошт. Шоҳмотбози рус дучори иштибоҳ шуд ва бо вуҷуди наздикшавӣ ба бохт тавонист,ки аз вазъи мушкил худро наҷот диҳад.


Пештар аз ҳама бозии даври панҷумро намояндаи Фаронса Алиризо Фируҷа ва Ян-Кшиштоф Дудаи лаҳистонӣ анҷом доданд. Барояшон 36 гаштҳо лозим шуд, то ба натиҷаи мусовӣ даст ёбанд. Фабиано Каруанаи амрикоӣ ва Рихард Раппорти маҷористонӣ ҳамчунин ба мусовӣ розӣ шуданд. Ин маънои онро дорад, ки новобаста аз натиҷаи бозӣ байни Дин Лижэн – Теймур Раҷабов пешсафии ягонаро дар ҷадвали мусобиқа Непомняший ҳифз намуд, нафаре,ки то ба ҳол аз Каруана ним хол бештар дорад.