Мусовии “Олтин Асир” ва “Равшан” дар ҳузури 16 000 нафар мухлис

Мусовии “Олтин Асир” ва “Равшан” дар ҳузури 16 000 нафар мухлис

Дирӯз, 5-уми октябр дар шаҳри Ашхобод бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ миёни ноибқаҳрамони Туркманистон «Олтин Асир» ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта, «Равшан»-и Кӯлоб баргузор гардид.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ашхобод» дар ҳузури 16 000 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба аҷном расид. Голҳоро аз ҳайати “Равшан” – Эммануэл Мваненго дар дақиқаи 17-ум ва аз ҳайати мизбонон Оразсаҳед Муратбердиев дар дақиқаи 52-юм ба самар расониданд.

Ҳамакнун, дастаи «Равшан» дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2023/24 бо бошгоҳи «Абдиш-Ата» - қаҳрамони Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 26 –уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал “Равшан” бо “Марв”-и Туркманистон 0 бар 0 мусовӣ дар шаҳри Ҳисор бозӣ карда буд.