Мустафо Ахмедов дар Чемпионати ҷаҳон мақоми 5-умро касб кард

Мустафо Ахмедов дар Чемпионати ҷаҳон мақоми 5-умро касб кард

Паҳлавони тоҷик Мустафо Ахмедов (-70 кг) дар Чемпионати ҷаҳон миёни гӯштингирони то 23 сола дар Албания дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз намояндаи Ҳиндустон - Суҷит бо ҳисоби 4:13 мағлуб шуда, мақоми панҷумро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки Мустафо Ахмедов даври озод буда, дар даври дуюм Муҳаммад аз Мисрро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ рафт ва онҷо аз Ханиеви озарӣ мувоҷеҳи шикаст гардид.

Ахмедов дар даври тассалобахш бо ҳисоби 7-0 Ривейра аз Пуэрто-Рикоро шикаст дод ва барои ҷои сеюм бо Суҷити ҳиндӣ нерӯсанҷӣ карда, ноком шуд.