Мустафо ва Магомет дар Чемпионати Осиёи Бишкек мақоми 5-умро касб карданд

Мустафо  ва Магомет дар Чемпионати Осиёи  Бишкек мақоми 5-умро касб карданд

Дирӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба гӯштин оғоз гардид, ки то 16-уми апрел идома меёбад. Дар он 366 варзишгар дар 30 вазн – 10 вазн гӯштии тарзи озод, 10 вазн гӯштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гӯштии занон – зӯр меозмоянд. Гӯштингирони тоҷик Мустафо Ахмедов (-70 кг) ва Магомет Евлоев (-79 кг) дар рӯзи аввал мақоми панҷумро касб карданд.

Мустафо, ки дар даври аввал озод буд, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон пирӯз гашт, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон мағлуб шуд. Ахмедов дар рақобат барои нишони биринҷӣ бо Алибек Усмонови қирғиз ноком шуд. Сараввал бо 3 имтиёз Мустафо пешсаф буд, лек дар идома рақиб 3 имтиёз кор кард, ва ғалаба насибаш шуд. Чунки ғолиб ҳамон нафаре мешавад, ки охирин имтиёзро ба даст оварда бошад.

Магомет дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон ва Чин ғолиб омад, вале дар нимфинал аз намояндаи Эрон шикаст хӯрд. Евлоев дар дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Хидир Сайфиддинов аз Баҳрайн бо ҳисоби 10:2 мағлуб шуд.