“МЮ” ба финали Ҷоми Лигаи Англия баромад

“МЮ” ба финали Ҷоми Лигаи Англия баромад

Дар бозии дуюми  даври ниманиҳоии Ҷоми Лигаи Англия «Манчестер Юнайтед» дар мизбонӣ  бар «Ноттингем» бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард.

Голҳоро дар вохӯрӣ аз ҳайати “девҳои сурх”  Антони Марсял ва Фред ба самар расониданд.

Бояд қайд кард, ки «девҳои сурх» бо назардошти тамоми мусобиқаҳое, ки дастаи Эрик тен Ҳаг дар онҳо бозӣ мекунад, аллакай ғалабаи  12-умашонро дар  бозиҳои хонагӣ ба даст оварданд. Аз замони Алекс Фергюсон, ки аз соли 1986 то соли 2013 сарварии дастаро бар ӯҳда дошт, бо бошгоҳ чунин нишондодро дар хотир надошт.  

Дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа, ки рӯзи 26 –уми феврал дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон баргузор мешавад, “Манчестер Юнайтед” бо “Нюкасл” рӯбарӯ мешавад.

Қобили зикр аст, ки беҳтарин голзани ин мусобиқа Маркус Рэшфорд (5 гол ) мебошад.