“МЮ” бо Ҳарри Магуайр тамдиди шартнома намуд

“МЮ” бо Ҳарри Магуайр тамдиди шартнома намуд

Бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” бо ҳимоятгари марказӣ Ҳарри Магуайр шартномаи меҳнатиро тамдид намуд. Қарордоди нав то моҳи июни соли 2027 амал мекунад ва инчунин имкони тамдиди он барои як мавсими дигарро дар бар мегирад. Дар ин бора сомонаи расмии клуб хабар додааст.

Дифоъгари 33-сола тобистони соли 2019 аз ҳайати “Лестер Сити” ба “Манчестер Юнайтед” гузариш анҷом дода буд. Аз он замон инҷониб Магуайр дар ҳайати “Девҳои сурх” 266 бозӣ анҷом додааст.

Дар давраи ҳунарнамоӣ дар “Манчестер Юнайтед” ӯ тавонист бо даста Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаи Англияро ба даст орад.

Тамдиди шартнома нишон медиҳад, ки роҳбарияти клуб ба таҷриба ва саҳми Магуайр дар даста эътимод дорад.