“МЮ” дар мавсими имсолаи ПЛА ба ҳайати худ Антониро шомил кард

Бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" 25 нафар футболбозашро ба дархости Премйер - Лигаи Англия дохилшударо эълон кард. Антони ҳам, дар ин рӯйхат шомил шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Манчестер хабар додааст.
Рӯзи 10-уми сентябр дастаи «Манчестер Юнайтед» - Антонии 23-солаи бразилиро ба далели иддаои хушунат аз ҷониби чанд духтар аз тамринҳо маҳрум кард. Ҳарчанд худи бозигар гунаҳкор будани худро рад мекунад.
Антони гуфт, ки ӯ бо “Манчестер Юнайтед” розӣ шудааст, ки ҳангоми баррасии иттиҳомоти зидди ӯ дар ҳайати даста намебошад. Ин як қарори тарафайн буд, то парешон нашаванд.
Ҳамчунин, футболбози 23 солаи бразилӣ таъкид кард, ки дар ин қазия бегуноҳ аст ва ӯ инро исбот карданист. Ӯ бо полис ҳамкорӣ хоҳад кард ва умедвор аст, ки ҳарчи зудтар ба даста баргардад ва бозиро дар ҳайати “Манчестер Юнайтед”-ро идома диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Антони аз моҳи августи соли 2022 дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекунад.