“МЮ” фурсати ҷудошавӣ аз Магуайрро пайдо кард

“МЮ” фурсати ҷудошавӣ аз Магуайрро пайдо кард

Дастаи «Вест Хэм» бо «Манчестер Юнайтед» барои хариди Ҳарри Магуайр ва Скотт Мактоминей чанд рӯз пеш аз оғози Премйер-Лига музокира мекунад. Дар ин бора The ​​Guardian хабар додааст.

Дастаи шаҳри Лондон омодааст, ки барои ду бозигар 55-60 миллион фунт пардохт кунанд.

Монеа дар музокирот метавонад аз нав дида баромадани шартномаҳои бозингарони «Манчестер Юнайтед» бошад, ки барои ворид шудан ба минтақаи Лигаи Чемпионҳо пешбинӣ шудааст.

Рӯзи 12 –уми август «Вест Хэм» мавсими навро бо бозӣ бо «Борнмут» ва ду рӯз баъд «Манчестер Юнайтед» бо «Вулверхэмптон» бозӣ мекунад.