“МЮ” имтиёзҳояшро дар ПЛА бо “Нюкасл” баробар кард

Бозии мавқуфгузошташудаи даври 34-уми чемпионати Англия миёни дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Нюкасл» ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Олд Траффорд” баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 2 анҷом ёфт.
Аз ҳайати дастаи мизбон Кобби Майну, Амад Диалло ва Расмус Ҳойлунд ба самар расониданд. Голҳои меҳмононро Энтони Гордон ва Люис Холл марбути номи хеш карданд.
Пас аз ин пирӯзии муҳим «Манчестер Юнайтед» шумораи имтиёзҳояшро бо “Нюкасл” баробар кард. Ҳоло ҳарду даста бо 57 имтиёзӣ мутаносибан дар мавқеъҳои 7-ум ва 8-ум маскан гирифтаанд.