“МЮ” мехоҳад Рэшфордро бо Кваратсхилия иваз намояд
Дастаи “Манчестер Юнайтед” муборизаро барои ба даст овардани ҳамлагари тими “Наполи” Хвича Кваратсхелия оғоз кардааст. Дар ин бора нашрияи ESPN иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки “Манчестер Юнайтед” ҳозир аст Кваратсхелияро бо Маркус Рэшфорд иваз кунад. Аз ин пеш хабар дода шуда буд, ки дастаҳои “Ливерпул” ва “ПСЖ” ба бозингари гурҷӣ мароқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки Хвича дар тими “Наполи” ҳанӯз аз соли 2022 ҳунарнамоӣ мекунад. Шартномаи футболбоз бо дастаи итолиёвӣ то тобистони со 2027 мӯҳлат дорад. Мувофиқи фарзияи Transfermarkt, арзиши бозингар 85 млн евро аст.