"МЮ" низ пеши "Ливерпул"-и беҳамто ночор гардид

"МЮ" низ пеши "Ливерпул"-и беҳамто ночор гардид

Рақобати дербии шимолу-шарқи Англия бо ғалабаи "мерсисайдиҳо" поён ёфт. Вохӯрӣ барои "Манчестер Юнайтед" баъди нокомиҳои ахири дастаи "Челси" ҷиҳати шомил шудан ба чаҳоргона муҳим маҳсуб меёфт, аммо ба пирӯзӣ ва ё мусовии шогирдони Оле-Гунар Сулшер кам нафарон бовар доштанд. Ҳамин тавр ҳанӯз дар дақиқаи 14-уми бозӣ Вирҷил ван Дейк ҳисобро боз кард. Аз ҳама рақобати ҳасос ва ҷолиби дастаҳо дар қисми дуюм сурат гирифт. Бозингарони  "Манчестер Юнайтед" ҳарчанд дар партоб ва бозигузорӣ ба иштибоҳҳои зиёд роҳ доданд, аммо то дақиқаи 90-ум имкони хуби баробар кардани натиҷаи бозиро доштанд. Ниҳоят як аксулҳуҷуми мизбонон ба кор рафта, Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 3-юми иловагӣ дар ин бозӣ нуқта гузошт. Ҳамин тариқ "Ливерпул" дар 244 бозиаш бо роҳбарии Юрген Клопп 154 ғалаба ба даст овард ва бо тафовути 16 хол зиёд аз "Ман Сити" мавқеашро дар ҷадвали Премйер-лига мустаҳкам кард. "МЮ" ҳамоно дар ҷойи 5-уми ҷадвал бо 34 имтиёз боқӣ монд.