“МЮ” омодааст, ки аз 6 бозигар ҷудо шавад...

Сармураббии дастаи “Манчестер Юнайтед” – Эрик тен Ҳаг омодааст, ки аз 6 бозигар дар ҳайати бошгоҳ халос шавад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.
Бозигароне, ки мутахассиси ҳоландӣ онҳоро барои мавсими оянда ба нақшаҳои даста шомил накардааст, инҳо Дин Хендерсон, Эрик Байи, Алекс Теллес, Донни ван де Бек, Гарри Магуайр ва Ваут Вегхорст мебошанд.
Эҳтимол меравад, ки баъзеи ин футболбозонро “девҳои сурх” ба ҳайати дигар дастаҳо ба иҷора равон кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тен Ҳаг дар бораи зарурати таҳкими феҳристи бозигарони “Манчестер Юнайтед” изҳори назар карда буд.