“МЮ” ва Роналду бо розигии тарафайн шартномаи ҳамкориро қатъ намуданд!

Бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" бо ҳуҷумкунандаи худ Криштиану Роналду қарордоди ҳамкориашро бекор кард. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки “Девҳои сурх” бо розигии тарафайн шартномаи ҳамкориро қатъ намуданд. Ҳамчунин роҳбарияти бошгоҳ ба Роналду барои корномаи футболбозиаш дар даста изҳори сипос баён намудаанд.
Ҳамлагари тими мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду пас аз қатъ шудани шартномааш бо "Манчестер Юнайтед" чунин ибрози назар кард:
“Имрӯз, 22-юми ноябр, дафтари матбуоти “Девoҳои сурх” хабар дод, ки ҷонибҳо ба созиш расидаанд ва ҳамкориро қатъ кардаанд. Ман ҳамеша “Манчестер Юнайтед” ва мухлисонро дӯст медорам, ки ин ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад. Чунин ба назар мерасад, ки вақти ҷустуҷӯи дастаи нав расидааст. Ман ба “Манчестер Юнайтед” барори кор орзу менамоям”.
Қаблан, Роналду бо рӯзноманигор Пирс Морган мусоҳибае дода, дар он дар бораи будубоши худ дар “Манчестер Юнайтед” пас аз бозгашт ба даста дар тобистони соли 2021 назарашро ошкоро баён карда буд. Пас аз ин мусоҳиба сару садоҳо оиди “Манчестер Юнайтед” ва Роналду зиёд шуданд ва ҳамин тавр, ин мусоҳиба билохира ба қатъи шартномаи ҳамдигар оварда расонид.
Ёдовар мешавем, ки Роналду то ин муддат дар ҳайати бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” 346 бозӣ гузаронида, ба задани 145 гол, 64 ирсоли головар ноил гардидааст. Ҳамроҳи бошгоҳ Криштиану 3 маротибқа қаҳрамони Премйер-Лигаи Англия ва 1 маротибаи қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо гардидааст.
Ҳоло дастаи нави Роналду маълум нест. Гуфта мешавад, ки пас аз Ҷоми Ҷаҳон футболбози португалӣ ба худ дастаи нав пайдо мекунад, ки он бояд дар Лигаи Қаҳрамонҳо бозӣ кунад.