“МЮ” зери роҳнамоии Майкл Каррик бо “Тоттенхэм” рӯ ба рӯ мешавад
Яке аз дидорҳои марказии даври 25-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои пурқуввати «Манчестер Юнайтед» ва «Тоттенҳэм» баргузор мешавад. Бозӣ рӯзи 7 феврал, соати 17:30 дар варзишгоҳи машҳури «Олд Траффорд» дар шаҳри Манчестер доир мегардад. ТВ «Варзиш» мустақиман бозиро манзури бинандагон мегардонад.
«Девҳои сурх» таҳти роҳбарии сармураббии нав Майкл Каррик то ҳол дар мавсими 2026 шикастнопазир боқӣ монда, дар Премйер-Лига натиҷаҳои устувор нишон медиҳанд. Ин омор ба бозигарон ва мухлисон рӯҳияи баланди эътимод бахшида, интизориҳои зиёдро пеш аз дидори муқаддас ба вуҷуд овардааст.
Дар тарафи дигар, дастаи «Тоттенҳэм» таҳти роҳбарии Томас Франк то ҳол дар соли 2026 дар Премйер-Лига пирӯзӣ ба даст наоварда, дар пайи бозии мусовӣ ва натиҷаҳои қаноатбахш барои шогирдони роҳбарии мураббӣ талош дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар нимавали аввали мавсим, ду даста дар Лондон бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда буданд. Ҳамин натиҷа нишон медиҳад, ки рақобати дубора байни «Манчестер Юнайтед» ва «Тоттенҳэм» дар Манчестер низ бо шиддат ва шавқмандӣ ҷараён хоҳад ёфт.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Манчестер Юнайтед» бо 41 имтиёз дар зинаи чаҳорум мавқеъ гирифтааст. «Тоттенхэм» бо 29 имтиёз дар зинаи чордаҳум маскан гирифтааст. «Арсенал» бо 53 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.