Мюллер корномаи футболбозиашро дар ҳайати Олмон ба анҷом расонид

Мюллер корномаи футболбозиашро дар ҳайати Олмон ба анҷом расонид

Ҳамлагари тими «Бавария»-и шаҳри Мюнхен Томас Мюллер аз анҷом корномаи футболбозиаш дар ҳайати тими миллии Олмон хабар дод. Мюллери 34-сола аз соли 2010 дар ҳайати мунтахаби Олмон бозӣ карда, дар 131 бозӣ ба задани 45 гол ноил гардидааст.

“Вақте ки ман 14 сол пеш дар Олмон бозӣ мекардам, тасаввур карда наметавонистам, ки маро чӣ интизор аст. Ғалабахои бузург ва бохти талх. Баъзан таслим шудам, аммо ҳамеша аз ҷоям бармехестам. Ман бо бозингарони беҳтарини ҷаҳон вохӯрдам, дар баробари беҳтарин дастаҳо бозӣ кардам ва бо онҳо лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаро аз сар гузаронидам. Ман дар ҳайати мунтахаби кишвар 131 бозӣ гузаронида, 45 гол задам, дар чор чемпионати ҷаҳон ва чаҳор чемпионати Аврупо ширкат кардам. Ман Ҷоми Ҷаҳонро болои сарам бардоштам ва муҳаббати мухлисонро эҳсос кардам.

Ман ҳамеша фахр мекардам, ки барои кишвари худ бозӣ кунам. Якҷо ҷашн гирифтем, якҷо ашк рехтем. Ман мехоҳам ба ҳамаи мухлисон ва аъзои тими миллӣ ташаккур гӯям. Ташаккур ба шумо барои ин солҳо "гуфтааст, Мюллер дар канали YouTube-и худ.