Мюнхен ҳамоно садрнишин аст

Мюнхен ҳамоно садрнишин аст

Дар даври 43- юми "Дел"- и Олмон хоккейбозони дастаи Кёлнер Хайе" ва "Мюнхен" дидор анҷом доданд. Омори бозии дастаҳо дар як сатҳ қарор дошт. Дар пайти аввал хоккейбози олмонӣ Мюллер Марсел дар дақиқаи 03:45 ҳисобро ба нафъи дастаи "Кёлнер Хайе" кард. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ шогирдони мутахасиси амрикоӣ Ҷексон аз худ бартарият нишон дода, дар дақиқаи 8:18 дифоъгар Конрад Абелишаусер ҳисобро мусовӣ кард. Дар пайти сеюми дидор дар дақиқаи 9:36 ҳамлавари канадагии дастаи шаҳри Мюнхен ҳисобро дуболо намуд. Бо ҳамин натиҷа дастаи "Кёлнер Хайе" аз бошгоҳи "Мюнхен" бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Ҳамакнун тими "Мюнхен" бо касби 93 имтиёз садрнишини "Дел"- и Олмон буда, дастаи "Кёлнер Хайе" бо доштани 52 имтиёз дар зинаи 11- уми ҷадвал маскан гирифтааст. Дар даври баъдӣ бошгоҳи шаҳри Мюнхен дар сафар бо дастаи "Изерлан Рустерс" санаи 14- уми феврал барои касби имтиёз неру месанҷад.