Мюнхен барои мизбонии финали ЛЧ УЕФА - 2028 дархост пешниҳод мекунад

Мюнхен барои мизбонии финали ЛЧ УЕФА - 2028 дархост пешниҳод мекунад

Шаҳри Мюнхени кишвари Олмон барои мизбонии финали Лигаи Чемпионҳои УЕФА дар соли 2028 дар варзишгоҳи Алянс Арена дархост пешниҳод мекунад: шӯрои шаҳрӣ дархостро тасдиқ кардааст. Кумитаи иҷроияи УЕФА дар нимаи моҳи сентябри соли 2026 дар бораи шаҳри мизбон қарор қабул мекунад.

"Соли 2025 шаҳри Мюнхен бори дигар қобилияти худро барои мизбонии чорабиниҳои бузурги варзишии сатҳи баландтарини байналмилалӣ нишон дод. Боз як маротиба мизбонии чунин мусобиқа имконияти хубе барои муаррифии Мюнхен дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун як шаҳри космополитӣ хоҳад буд, ки варзишро дӯст медорад ва қодир аст, ки чорабинии сатҳи баландро ташкил кунад", - иқтибос овардааст нашрияи Bayern & Germany дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз суханони шаҳрдори Мюнхен Доминик Краузе.

Охирин финали Лигаи Чемпионҳои УЕФА 30 майи соли 2026 дар Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон баргузор шуда буд. Дар он бозӣ бошгоҳҳои “ПСЖ” ва “Арсенал” бо ҳам рақобат карданд. Рақобат пас аз анҷоми вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳисоби 1-1 боқӣ монд ва тими ғолиб тариқи силсилазарбаҳои пеналтиҳо муайян шуд. ПСЖ бори дуюм пай дар пай дар ин мусобиқа ғолиб омад.