Н’Голо Канте ба “Фенербахче” гузариш кард

Н’Голо Канте ба “Фенербахче” гузариш кард

Хадамоти матбуотии бошгоҳи “Фенербахче” расман аз ба имзо расидани шартнома бо нимҳимоятгари марказии дастаи “Ал-Иттиҳод” — Н’Голо Канте хабар дод.

“Баъзе қиссаҳо вақт талаб мекунанд, аммо нотамом намемонанд. Хуш омадед ба “Фенербахче”-и мо, Н’Голо Канте”, — навиштааст хадамоти матбуотии клуб дар шабакаи иҷтимоии X.

Қаблан инсайдер Фабритсио Романо хабар дода буд, ки “Фенербахче” ва “Ал-Иттиҳод” пас аз мушкилот дар расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ тавонистанд аз ФИФА барои анҷоми ин трансфер чароғи сабз дарёфт намоянд.

Гуфта мешавад, ки шартнома байни футболбоз ва бошгоҳи шаҳри Истамбул то моҳи июни соли 2028 баста шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин муомила дар давраи равзанаи трансферӣ бинобар мушкилоти марбут ба ҳуҷҷатҳо расман анҷом наёфта буд. Пас аз он бошгоҳи “Фенербахче” роҳбарияти “Ал-Иттиҳод”-ро ба халалдор кардани ҷараёни трансфер муттаҳам карда буд.