Н'Голо Канте дигарбора ба Премйер-Лигаи Англия бармегардад

Н'Голо Канте дигарбора ба Премйер-Лигаи Англия бармегардад

Қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати тими миллии Фаронса, нимҳимоятгари дастаи «Ал-Иттиҳод» Н'Голо Канте метавонад дигарбора ба Премйер-Лигаи Англия баргардад.

Ба иттилои The Guardian, бошгоҳи “Вест Хэм” ният дорад, ки нимҳимоятгари 33-соларо харидорӣ намояд. Ҳоло музокира миёни тими шаҳри Лондон ва шаҳри Ҷидда оғоз шудааст. Худи Канте аз тими ҳозираи худ қаноатманд аст, аммо хурсанд мешавад то ба шаҳри Лондон, ки қаблан дар Челси бозӣ мекард, баргардад. Арзиши тахминии трансфер 20 миллион фунтро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Канте дар ҳайати тими миллии Фаронса дар Евро -2024 аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дод ва ҳатто ду маротиб беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳам эътироф шуд.

Дар мавсими 2023/24 Канте дар 44 бозӣ дар ҳайати “Ал Иттиҳод” 4 гол ва 6 партофти головар кардааст.